Quran.tjGet it on Google Play

Фарзи Айн

Омӯзиши аҳкоми шаръӣ, ақида ва одоб барои ҳар як мусулмон

🔍

Феҳрасти мавзӯъҳо

1

БИСМИЛЛОҲИР РАҲМОНИР РАҲИМ

Муқаддима
2

БИНОИ МУСУЛМОНӢ

Одоб
3

ШАШ КАЛИМАИ ДИНӢ

Одоб
4

1. ТАЪРИФИ ИМОН

Ақида
5

2. ИМОНИ МУҶМАЛ

Ақида
6

3. ИМОНИ МУФАССАЛ

Ақида
7

4. ИМОНИ МУХТАСАР

Ақида
8

МАЪРИФАТИ ПАРВАРДИГОР

Ақида
9

СЕ ВАҲДАТИ ЗАРУРИЁТИ ДИН

Ақида
10

УСУЛИ ДИН

Ақида
11

ҚОИДАҲОИ ТАҲОРАТ ВА НАМОЗ

Таҳорат
12

БАЁНИ ФАРЗҲОИ ТАҲОРАТ

Таҳорат
13

БАЁНИ СУННАТҲОИ ТАҲОРАТ

Таҳорат
14

БАЁНИ МУСТАҲАБОТИ ТАҲОРАТ

Таҳорат
15

БАЁНИ МАКРУҲОТИ ТАҲОРАТ

Таҳорат
16

БАЁНИ ШИКАНАНДАҲОИ ТАҲОРАТ

Таҳорат
17

ТАРТИБИ ТАҲОРАТ КАРДАН

Таҳорат
18

КАЛИМАҲОИ АЗОН

Намоз
19

ДУОЪИ БАЪДИ АЗОН

Намоз
20

ТАКБИР ИҚОМАТ

Намоз
21

БАЁНИ ФАРОИЗИ НАМОЗ

Намоз
22

БАЁНИ ВОҶИБОТИ ЪОМ ДАР НАМОЗ

Намоз
23

БАЁНИ ВОҶИБОТИ ХОС ДАР НАМОЗ

Намоз
24

БАЁНИ СУННАТҲОИ ЪОМ ДАР НАМОЗ

Намоз
25

БАЁНИ СУННАТҲОИ ХОС ДАР НАМОЗ

Намоз
26

БАЁНИ МУФСИДОТИ НАМОЗ

Намоз
27

РАКАЪАТҲОИ НАМОЗИ ШАБОНАРӮЗӢ

Намоз
28

ВАҚТҲОИ НАМОЗ

Намоз
29

ТАРТИБИ НАМОЗ ХОНДАН

Намоз
30

ТАКБИРИ ТАҲРИМА

Намоз
31

ҚИЁМ

Намоз
32

САНО

Намоз
33

СУРАИ ФОТИҲА

Сураҳо
34

СУРАИ ЪАСР

Сураҳо
35

РУКӮЪ

Намоз
36

САҶДА

Намоз
37

СУРАИ КАВСАР

Сураҳо
38

ҚАЪДА

Намоз
39

ТАШАҲҲУД

Намоз
40

САЛАВОТ

Намоз
41

ДУО

Намоз
42

ДУОЪИ ҚУНУТ

Намоз
43

ДУО ВА ТАСБИҲОТИ БАЪДИ НАМОЗ

Намоз
44

ДУЪОИ ХАЙР

Намоз
45

АЗ СУРАҲОИ ҚУРЪОНИ КАРИМ - СУРАИ ФОТИҲА

Сураҳо
46

СУРАИ АСР

Сураҳо
47

СУРАИ ФИЛ

Сураҳо
48

СУРАИ ҚУРАЙШ

Сураҳо
49

СУРАИ МОЪУН

Сураҳо
50

СУРАИ КАВСАР

Сураҳо
51

СУРАИ КОФИРУН

Сураҳо
52

СУРАИ НАСР

Сураҳо
53

СУРАИ МАСАД

Сураҳо
54

СУРАИ ИХЛОС

Сураҳо
55

СУРАИ ФАЛАҚ

Сураҳо
56

СУРАИ НОС

Сураҳо
57

ОЯТАЛКУРСӢ

Сураҳо
58

ДУОИ ХАТМИ ҚИРОАТ

Намоз
59

ДУЪОИ БАЪДИ ҚИРОАТ

Намоз
60

АМАЛҲОИ МАШРӮЪ ВА ҒАЙРИ МАШРӮЪ

Ақида
61

НАМУДҲОИ ФАРЗ ВА СУННАТ

Ақида
62

ҲАРОМ

Ақида
63

МАКРӮҲ

Ақида
64

МУФСИД

Ақида
65

ФАРЗИ ХИЛОФИЯ

Одоб
66

ВАҚТҲОИ ҲАРОМ ВА МАКРӮҲ

Ақида
67

САҶДАИ САҲВ

Намоз
68

САҶДАИ ТИЛОВАТ

Намоз
69

НАМОЗИ ҶУМЪА

Намоз
70

НИЯТИ НАМОЗИ ҶУМЪА

Намоз
71

НИЯТИ НАМОЗИ ИДИ РАМАЗОН

Намоз
72

ТАКБИРИ ТАШРИҚ

Намоз
73

НИЯТИ НАМОЗИ ҶАНОЗА

Намоз
74

ТАСБЕҲИ РАМАЗОН

Намоз
75

ЧИЛ ФАРЗ

Ақида
76

ФАРОИЗИ РӮЗА

Рӯза
77

НИЯТИ РӮЗАИ РАМАЗОН

Рӯза
78

НИЯТИ РӮЗА КУШОДАН

Рӯза
79

ФАРОИЗИ ЗАКОТ

Закот
80

МАСОРИФИ ЗАКОТ

Закот
81

ТАНБЕҲ

Закот
82

ФАРОИЗИ ҒУСЛ

Ғусл
83

НИЯТИ ҒУСЛ

Ғусл
84

АМАЛҲОИ СОЛЕҲ

Одоб
85

ДУЪОИ БАЪДИ ТАОМ

Намоз
86

АГАР ПУРСАНД, КИ...

Саволу Ҷавоб
87

АФЗАЛИ ДУЪО

Намоз

Хондани пурраи китоб

Ҷамеъи бобҳо (87)
МуқаддимаМавзӯи 1

БИСМИЛЛОҲИР РАҲМОНИР РАҲИМ

Алҳамду лиллоҳи раббил ъоламин, вал – оқибату лил муттақин, вассалоту вассалому ъало расулиҳи Муҳаммадин ва олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаъин. Аъузу биллоҳи мина-ш-шайтони-р-раҷим. Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Шукр ва сипоси беҳад ба парвардигори ъоламин. Оқибат ва некӯии охират мар парҳезгоронрост. Ва дуруди бепоён ба пайғамбари Ӯҳазрати Муҳаммад Мустафо салаллоҳу алайҳи ва саллам. Паноҳ металабам ба сӯи Аллоҳ Таъоло аз шарри шайтон, сифати шайтон ин аст, ки раҷим аст. Ибтидо мекунам ба номи Худои барҳақ, ки бахшанда ва ниҳоят меҳрубон аст.

Эй номи ту беҳтарин сароғоз,

Бе номи ту нома кай кунам боз.

ОдобМавзӯи 2

БИНОИ МУСУЛМОНӢ

  • Калимаи шаҳодат гуфтан аст, ки «Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан ъабдуҳу ва расулуҳу».
  • Панҷ вақт намоз гузоридан аст.
  • Рӯзаи моҳи шарифи рамазон доштан аст.
  • Закоти мол додан аст.
  • Тавофи хонаи Каъба кардан аст ҳар киро қудрат ва тавоноӣ бошад, мар зод ва роҳила.
ОдобМавзӯи 3

ШАШ КАЛИМАИ ДИНӢ

  • Калимаи тайиба гуфтан аст, ки «Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммаду-р-расулуллоҳ».
  • Калимаи шаҳодат гуфтан аст, ки «Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммада ъабдуҳу ва расулуҳу».
  • Калимаи тавҳид гуфтан аст, ки «Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу лаҳул мулку ва лаҳул ҳамд юҳйӣ ва юмит ва ҳува ҳайю лоямут биядиҳил хайр ва ҳува ъало кулли шайин қадир».
  • Калимаи тамҷид гуфтан аст, ки «Субҳоналлоҳи вал ҳамду лиллоҳи ва ло илоҳа иллаллоҳу валлоҳу акбар, ло ҳавла вало қуввата илло биллоҳил ъалийил ъазим, мошо аллоҳу кона ва мо лам яшаъ, лам якун».
  • Калимаи истиғфор гуфтан аст, ки «Астағфируллоҳ, астағфируллоҳи таъоло мин кулли замбин азнабтуҳу ъамдан, ва хатоан сирран, ва ъало ниятан ва атубу илайҳи миназзамбиллазӣ аъламу ва миназзамбиллазӣ ло аълам иннака анта ъалломул ғуюб».
  • Калимаи радди куфр гуфтан аст, ки «Аллоҳумма инни аъузу бика мин ан ушрика бика шайан ва ана аъламу вастағфирука, лимо ло аълам, иннака анта ъалломул ғуюб ва сатторул ъуюб ва ғаффоруззунуб, ва кашшофул қулуб, ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил ъалийил ъазим, мошо аллоҳу кона ва мо лам яшаъ лам якун».
АқидаМавзӯи 4

1. ТАЪРИФИ ИМОН

«Ал-имону иқрорун бил лисони ватасдиқун бил қалби»

Имон ба забон иқрор намудан ва ба дил тасдиқу бовар кардан аст, ки Худои Таъоло якка ва ягона ва Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу ъалайҳи васаллам пайғамбари барҳақ аст.

АқидаМавзӯи 5

2. ИМОНИ МУҶМАЛ

«Оманту биллоҳи камо ҳува биасмоиҳӣ ва сифотиҳӣ ва қабилту ҷамиъи аҳкомиҳӣ ва аркониҳӣ»

Худои Таъолоро ба ҳамаи номҳояш ва сифоташ, ки дар Қуръон аст бовар кардам ва ҳамаи фармонҳои ӯро қабул намудам ва аз он чи манъ кардааст, боз истодам.

АқидаМавзӯи 6

3. ИМОНИ МУФАССАЛ

«Оманту биллоҳи ва малоикатиҳӣ ва кутубиҳӣ ва русулиҳӣ вал явмил охири, вал қадари ҳайриҳӣ ва шарриҳӣ миналлоҳи таъоло вал баъси баъдал мавт».

Имон овардам ба Худои Таъоло, ба фариштагони вай, ба китобҳои вай, ба пайғамбарони вай ва ба рӯзи қиёмат ва ба тақдири некӣ ва бадӣ ҳама аз Худои Таъолост ва ба зинда гардонидани баъд аз мурдан.

АқидаМавзӯи 7

4. ИМОНИ МУХТАСАР

Мо амаранияллоҳу таъоло биҳӣ қабилтуҳу ва мо наҳони ъанҳу интаҳайту ъанҳу.

Мухтасари имон ин, ки гуяд бандагон чизе, ки маро амр кардааст Аллоҳ Таъоло ба ҳамон чиз қабул кардам ва аз чизе, ки наҳй кардааст маро Аллоҳ Таъоло аз ҳамон чиз бозистодам.

АқидаМавзӯи 8

МАЪРИФАТИ ПАРВАРДИГОР

Барои мӯъминон зарур аст, Аллоҳ Таъолоро ба даҳ сифат шиносанд, ки ҳашти он субутиҳӣ ва дуи он салбист.

  • Илм – яъне Аллоҳ Таъоло доност бар ҳама ашё.
  • Қудрат – яъне Аллоҳ Таъоло тавоност ба чизе, ки хохад аз кардан ва нокардан.
  • Ҳаёт – яъне Аллоҳ Таъоло зинда аст азалан ва абадан.
  • Самъ – яъне Аллоҳ Таъоло шунавост на ба гуш.
  • Басар – яъне Аллоҳ Таъоло биност на ба чашм.
  • Калом – яъне Аллоҳ Таъоло гӯёст на бар забон.
  • Ирода – яъне Аллоҳ Таъоло соҳиби ирода аст ва соҳиби ихтиёр аст. Ҳар чӣ хост шуд ва ҳар чӣ нахост нашуд.
  • Таквин – яъне Аллоҳ Таъоло набударо пайдо кунанда аст.

Ва он дуе, ки салбист:

  • Аллоҳ Таъоло якка ва ягона аст бе шарик, бе мисл ва бе монанд аст.
  • Аллоҳ Таъоло пок аст аз ҷамиъи ъайбҳо ва нуқсонҳо.
АқидаМавзӯи 9

СЕ ВАҲДАТИ ЗАРУРИЁТИ ДИН

  • Ваҳдат дар холиқият – яъне Аллоҳ Таъоло холиқи кулли ашёст, ғайри ӯ холиқи дигаре нест.
  • Ваҳдат дар маъбудият – яъне Аллоҳ Таъоло лоиқи ибодат ва парастиш аст, ғайр аз вай маъбуди дигаре нест.
  • Ваҳдат дар воҷибул вуҷуд – яъне Аллоҳ Таъоло воҷибул вуҷуд аст, ҳастии ӯ аз зоти худи ӯст ғайре дахл надорад ин сифат дар ғайри Аллоҳ Таъоло нест.
АқидаМавзӯи 10

УСУЛИ ДИН

Усули дин бародар ҳашт қисм аст,

Бигӯям бо ту ҳар якро чӣ исм аст.

Аввал тавҳид бошад эй мусалмон,

Дуввум ъадл аст, бино бар амри султон.

Мақоми саввумин бошад имомат,

Мақоми чорумин бошад нубуват.

Ба панҷум амри маъруф аст бингар,

Ба шашум низ медон наҳйи мункар.

Мақоми ҳафтумин бошад тавалло,

Мақоми ҳаштумин бошад табарро.

Шарҳи он:

  • Тавҳид – яъне Аллоҳ Таъолоро донистан ва ягона эътиқод кардан.
  • Ъадл – яъне ба худ ростӣ карданаст.
  • Имомат – яъне кори охиратро аз кори дунё муқаддам доштан аст.
  • Нубуват – яъне ҳазрати Рисолатпаноҳ салаллоҳу алайҳи ва салламро пайғамбари барҳақ донистан ва ҳамаи пайғамбаронро барҳақ донистан аст.
  • Амри маъруф – яъне чизе, ки Худои Таъоло амр кардаст, ба ҷо овардан аст.
  • Наҳйи мункир – яъне аз он чизе, ки Худои Таъоло наҳй кардааст, дур будан аст.
  • Тавалло – яъне дӯстони Худои Таъолоро дӯст доштан аст.
  • Табарро – яъне душмани Худои Таъолоро душман донистан аст.
ТаҳоратМавзӯи 11

ҚОИДАҲОИ ТАҲОРАТ ВА НАМОЗ

Пайғамбаромон Муҳаммади Мустафо салаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд: «Ад-дину ан назофату».

Яъне дин покизагист.

Дини Ислом дили мардумро аз ҳамаи иллатҳои шайтонӣ, разолат ва ҷаҳолат пок сохта, инсони ҳақиқии поквиҷдонро ба камол мерасодад. Дар зимни таълимоти Ислом покизагии тан низ ҷои асосиро ишғол мекунад. Покизагӣ боиси тандурустӣ буда, тани дуруст, ақли дуруст сабаби саодати ҳар ду дунё буда, покии қалб аз комилии ақл ҳосил мешавад. Агар бадан чиркин ва нопок бошад, дил хира шуда аз маъноҳои олии рӯҳонӣ баҳра намеёбад.

Эй мусаллӣ биё таҳорат кун,

Хонаи дини худ иморат кун.

Чун биёрӣ таҳорати зоҳир,

Ботинат низ Ҳақ кунад тоҳир.

Пайғамбаромон Муҳаммади Мустафо салаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд:

«Ал-вузуу мифтоҳу-с-салоти ва-с-салоту мифтоҳ – ул ҷаннати».

Таҳорат калиди намоз аст ва намоз калиди ҷаннат аст.

ТаҳоратМавзӯи 12

БАЁНИ ФАРЗҲОИ ТАҲОРАТ

Дар таҳорат 5 фарз аст, агар ришдор бошад:

  • Рӯйро шустан аз дамидани мӯй пешонӣ то зери манаҳ ва аз ин нармии гӯш то он нармии гӯш.
  • Ҳар ду дастро шустан бо ҳамроҳии оринҷ.
  • Ҳар ду пойро шустан бо ҳамроҳии буҷул.
  • Масҳ кашидан чаҳоряки сар.
  • Масқ кашидан риш, агар риш ғафс бошаду зери он об надарояд.
ТаҳоратМавзӯи 13

БАЁНИ СУННАТҲОИ ТАҲОРАТ

Дар таҳорат сездаҳ суннат аст:

  • Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим гуфтан.
  • Шустани ду даст бо банди даст.
  • Мисвок кардан (бо шоткаи дандоншӯӣ ҳам ҷоиз аст).
  • Шустани даҳон бо се каф оби нав.
  • Шустани бинӣ инчунин.
  • Хилол кардани риш.
  • Шустани ҳар узв се бор.
  • Масқ кашидани кулли сар як бор.
  • Хилол кардани ангуштон.
  • Масҳ кашидани гӯшҳо бо оби боқимондаи сар.
  • Ният.
  • Тартиб.
  • Пай дар пай шустани аъзо.
ТаҳоратМавзӯи 14

БАЁНИ МУСТАҲАБОТИ ТАҲОРАТ

Дар таҳорат ду мустаҳаб аст:

  • Ибтидо кардан аз тарафи рост.
  • Масҳ кашидани гардан.
ТаҳоратМавзӯи 15

БАЁНИ МАКРУҲОТИ ТАҲОРАТ

Дар таҳорат ҳафт макруҳот ҳаст:

  • Об дар даҳону бинӣ кардан бо кафи чап.
  • Об бар рӯй сахт задан.
  • Аврати худро назар кардан.
  • Балғам ва ба монанди балғам андохтан дар об.
  • Сухан гуфтан дар мақоми истинҷо.
  • Бо дасти рост афшондани бинӣ.
  • Ба тарафи қибла истинҷо кардан.
ТаҳоратМавзӯи 16

БАЁНИ ШИКАНАНДАҲОИ ТАҲОРАТ

Шиканандаҳои таҳорат нӯҳ аст:

  • Он чизе, ки мебарояд аз пасу пеш агар чанде ҷорӣ ҳам набошад.
  • Он чизе, ки мебарояд аз ғайри пасу пеш агар ҷорӣ шавад, мисли хуне, ки мебарояд аз дасту по ва ғайра, баъд аз задани сӯзан ва монанди сӯзан.
  • Қай кардани хуни тунук, агар сурх шавад ба он оби даҳон, аммо агар зард шавад таҳоратро намешиканад.
  • Қайи ғайри хуни тунук, агар пур кунад даҳонро. Аммо балғам таҳоратро намешиканад.
  • Хоби такязада.
  • Беҳушӣ.
  • Девонагӣ.
  • Хандаи қаҳйаҳаи болиғ дар намоз.
  • Рӯ ба рӯ шудани аврати зан аврати мардро дар ҳолате, ки бараҳна бошад ва мунташир бошад аврати мард.
ТаҳоратМавзӯи 17

ТАРТИБИ ТАҲОРАТ КАРДАН

Касе, ки намоз ё Қуръон хонданро ирода кунад, бар вай таҳорат гирифтан лозим аст. Ду махраҷро бо кулӯх пок карда, мустаҳаб кунад. Мустаҳаб ин, баъди бо кулӯх пок кардан, бо об махраҷро мешӯяд, ва мегӯяд: «Ният кардам таҳорат созам то намоз бар ман мубоҳ (раво) гардад».

Баъд аз мустаҳаб ба таҳорат шурӯъ мекунад:

«Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим» гуфта, дастҳояшро се бор мешӯяд ва ангуштонашро хилол мекунад.

Ба даҳонаш се бор об гирифта, бо ду ангуштонаш тарафҳои чапу рости даҳонашро хилол мекунад. Мисвок кунад афзал аст. Мисвок суннати пайғамбарамон Муҳаммади Мустафо салаллоҳу алайҳи ва саллам буд, 14 хосият дорад. Мисвок аз чӯби талх бояд бошад, асбоби дандоншӯиро ҳам ба ҷои мисвок ба кор бурдан мумкин аст ва инро мегӯяд:

«Субҳоналлоҳил ъалийил ъазим».

Ба биниаш се маротиба ба муболиға (яъне, обро то димоғаш кашад) об гирад ва инро мегӯяд: «Валҳамду лиллоҳи ъало динил илом».

Се маротиба рӯяшро мешӯяд ва калимаи тайиба ва шаҳодатро мегӯяд: «Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммадур расулуллоҳ. Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан ъабдуҳу ва расулуҳу».

Ду дасташро бо ҳамроҳии оринҷ се маротиба мешӯяд, дар вақти ба дасти рост об рехтан «Ал – Қодир» ва ба дасти чап об рехтан «Ан – Нозир» мегӯяд.

Об гирифта бирезад, бо кафи дастҳояш сарашро молида масҳ кашида, бо ангуштонашро ба ду ҷониби гардан мекашад.

Пойҳояшро (аз пои рост сар карда) бо буҷудак се маротиба бишӯяд ва инро мегӯяд: «Аллоҳумма саббит қадамайни ъало сиротин мустақим».

НамозМавзӯи 18

КАЛИМАҲОИ АЗОН

Намозхон бояд пеш аз намоз хондан азон гӯяд. Азон шиори ислом аст.

Аллоҳу акбар – 4 маротиба.

Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳ – 2 маротиба

Ашҳаду анна Муҳаммадур расулуллоҳ – 2 маротиба

Ҳайя ъалас салоҳ – 2 маротиба

Ҳайя ъалал фалоҳ – 2 маротиба

Аллоҳу акбар – 2 маротиба

Ло илоҳа иллаллоҳ – 1 маротиба

Муаззин дар вақти азон гуфтан, ҳангоми «Ҳайя ъалас салоҳ» рӯяшро ба тарафи рост ва ҳангоми «Ҳайя ъалал фалоҳ» рӯяшро ба тарафи чап гардонад. Дар намози бомдод, баъди «Ҳайя ъалал фалоҳ» ду маротиба «Ассалоту хайрун минаннавм», яъне намоз бехтар аст аз хоб гӯяд.

Шунавандаи азон он чӣ муаззин гӯяд, такрор кунад ва дар вақти шунидани «Ҳайя ъалас салоҳ» ва «Ҳайя ъалал фалоҳ» гуяд: «Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил ъалийил ъазим». Муаззим ва шунавандаи азон баъди азон ин дуъоро хонад.

НамозМавзӯи 19

ДУОЪИ БАЪДИ АЗОН

«Аллоҳума рабба ҳозиҳид – даъвати томмати вассалотил қоимати оти Муҳаммаданил василата вал фазилати ва дараҷатаррафиъата вабъасҳу мақома маҳмуданаллизӣ ваъаттаҳу варзуқно шафоъатаҳу явмал қиёмаҳ, иннака ло тухлифул миъод.»

НамозМавзӯи 20

ТАКБИР ИҚОМАТ

Такбир худи азон аст, фақат тезтар гуфта мешавад. Баъд аз «Ҳайя ъалал фалоҳ», ду маротиба «Қад қомасти – с - салот»- ро зиёд карда мешавад. Такбир пеш аз оғози намози фарз гуфта мешавад.

НамозМавзӯи 21

БАЁНИ ФАРОИЗИ НАМОЗ

Дар намоз 12 фарзи муттафақунъалайҳаст:

  • Оби пок.
  • Ҷои пок.
  • Ҷомаи пок ва покии бадан.
  • Шинохтани вақт.
  • Рӯй ба сӯи қибла кардан.
  • Ният.
  • Такбири таҳрима.
  • Қиём.
  • Қироат.
  • Рукӯъ.
  • Саҷда кардан.
  • Қаъдаи охир миқдори ташаҳҳуд хондан.
НамозМавзӯи 22

БАЁНИ ВОҶИБОТИ ЪОМ ДАР НАМОЗ

  • Лафзи Аллоҳу акбар гуфтан аст дар такбири таҳрима.
  • Қаъдаи аввал.
  • Аттаҳиёт хондан дар қаъда.
  • Ором гирифтан дар рукӯъ ва суҷуд.
  • Овардани ҳар фарз дар мавзеаш.
  • Овардани ҳар воҷиб дар мавзеаш.
  • Хориҷ шудани намозхон аз намоз бо лафзи «Ассалому ъалайкум ва раҳматуллоҳ»
НамозМавзӯи 23

БАЁНИ ВОҶИБОТИ ХОС ДАР НАМОЗ

  • Таъин кардани ду ракъати аввал барои қироат.
  • Таъини сураи фотиҳа дар ду ракъати аввал.
  • Фотиҳа як маротиба хондан.
  • Замми сура бар фотиҳа камаш миқдори як ояти дароз ё се ояти кӯтоҳ.
  • Тақдими фотиҳа бар сура.
  • Дуъои қунут хондан дар витри воҷиб.
  • Дар баландӣ баланд хондан.
  • Дар пастӣ паст хондан.
  • Сукут кардани муқтадӣ дар вақти қироати имом.
  • Мутобиъат кардани муқтадӣ имомашро.
  • Саҷдаи тиловат бар имом ва мунфарид.
  • Такбироти ъидайн.
  • Такбироти рукӯъи ъидайн.
  • Саҷдаи саҳв бар имом ва мунфарид.
НамозМавзӯи 24

БАЁНИ СУННАТҲОИ ЪОМ ДАР НАМОЗ

  • Бардоштани ду даст дар таҳрима.
  • Бардоштани ду даст дар таркиби қунут.
  • Бардоштани ду даст дар такбироти идайн.
  • Парешон кардани ангуштон дар вақти бардоштан.
  • Субҳонакаллоҳумаро хондан.
  • Ниҳодани дасти рост бар болои дасти чап.
  • Такбирҳои интиқолот, яъне такбирҳое, ки онҳоро гуфта аз як рукн ба рукни дигари намоз мегузаранд.
  • «Субҳона раббиял ъазим» гуфтан дар рукӯъ.
  • Гирифтани зону дар вақти рукӯъ бо ду даст.
  • Парешон кардани ангуштон дар рукӯъ.
  • Қавма, яъне қоматро рост кардан баъди рукӯъ ва баъд аз он саҷда кардан.
  • Ҷалса, яъне ором гирифтан бийни ду саҷда.
  • Саҷда кардан бар ҳафт яъзо, яъне ба пешонию бинӣ ва ба ду зону ва ба ду даст ва пой.
  • «Субҳона раббиял ъало» гуфтан дар саҷда се бор.
  • Салавот хондан бар расуллуллоҳ баъди аттаҳиёт.
  • Аллоҳумағфирлӣ хондан.
  • Салом додан бар рост ва бар чап.
НамозМавзӯи 25

БАЁНИ СУННАТҲОИ ХОС ДАР НАМОЗ

  • Такбирҳоро баланд гуфтани омом.
  • Наздик бурдани муқтадӣ такбирашро ба такбири омом.
  • Мутобиъат кардани муқтадӣ имомашро, дар ҳар феъли имом.
  • «Аъузу биллоҳи минаш шайтонир раҷим» гуфтан.
  • Баъд гуфтани «Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим» гуфтан.
  • Баъди тамом шудани алҳамд (сураи Фотиҳа) барои имом ва танҳогузор, хоҳ дар намози баланд бошад ё паст «Омин» гуфта оҳиста, ки дигаре нашунавад.
  • «Самиъаллоҳу ли ман ҳамидаҳ» гуфтани имом ва «Раббано лакал ҳамд» гуфтани муқтадӣ. Аммо танҳогузор ҳар дуро мегӯяд.
  • Хобондани пои чап ва нишастан бар болои ӯ ва истода кардани пои рост дар болои ӯ ва истода кардани пои рост дар қаъда барои мардон, аммо занон дар вақти нишастан ду пои худро аз ҷонии рост мебароранд.
НамозМавзӯи 26

БАЁНИ МУФСИДОТИ НАМОЗ

  • Сухан гуфтан ба сухани одамиён.
  • Ханда кардан дар даруни намоз.
  • Амали бисёр, яъне амале, ки мӯҳтоҷ ба ду даст бошад.
  • Тарк кардани яке аз фарзҳо бе узр агарчанде, ки бошад бе ихтиёри намозхон.
  • Худро ҳадас расонидан.
НамозМавзӯи 27

РАКАЪАТҲОИ НАМОЗИ ШАБОНАРӮЗӢ

  • Бомдод – 2 ракаъат суннат, 2 ракаъат фарз.
  • Пешин – 4 ракаъат суннат, 4 ракаъат фарз. 2 ракаъат суннат.
  • Ъаср – 4 ракаъат фарз.
  • Шом – 3 ракаъат фарз, 2 ракаъат суннат.
  • Хуфтан – 4 ракаъат фарз, 2 ракаъат суннат, 3 ракаъат витри воҷиб.
НамозМавзӯи 28

ВАҚТҲОИ НАМОЗ

Вақти намози бомдод аз дамидани субҳи содиқ, то баромадани офтоб.

Вақти намози пешин баргаштани офтоб аз нуқтаи қиём, аз гаштани соя то расидани сояи ҳар чиз дучанди ҳамон чиз ва то даромадани вақти намози ъаср.

Вақти намози ъаср аз қазо шудани намози пешин, то фурӯ рафтани офтоб тахминан ду соат пеш аз вақти намози шом хонда мешадвад.

Вақти намози шом аз фурӯ рафтани офтоб то ғоиб шудани шафақи сурх.

Вақти намози хуфтан баъд аз ғоиб шудани шафақи сурх то дамидани субҳ, то даромадани намози бомдод хонда мешавад.

Вақти намози витри воҷиб ҳам ҳамин аст (мисли намози хуфтан).

НамозМавзӯи 29

ТАРТИБИ НАМОЗ ХОНДАН

Баъд аз таҳорат бо ҷомаи пок дар ҷои пок истода, рӯй ба тарафи қибла карда ният кунад: «Ният кардам бигузорам... (ду се, чор) ракаъат... (суннати, фарзи витри) намози... (бомдод, пешин, аср, шом, хуфтан) вақте ки дар ман аст, рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Қаъба (агар ба имом иқтидо кунад, «иқтидо кардам ба имоми ҳозир истода» гӯяд) холисаллиллоҳи таъоло».

НамозМавзӯи 30

ТАКБИРИ ТАҲРИМА

Баъд, Аллоҳу акбар гуфта сари нарангушти ду дасташро ба нармии гӯш мерасонад, (занҳо даруни каф ба тарафи қибла карда, ду дастро баробари китф бардоранд) ин амалро аз ин сабаб такбири таҳрима гӯянд, ки эътиборан аз ин такбир гап задан, таъом хӯрдан ва ғайра ҳаром гардад.

НамозМавзӯи 31

ҚИЁМ

Дасти ростро ба болои дасти чап дар зери ноф монад ва ду чашмашро ба саҷдагоҳ дӯхта истад. Занҳо ду дастро бар болои сина монанд. Ин ҳолатро қиём номанд.

Огоҳ:

Намозхон бояд дар қиём назар ба саҷдагоҳи худ кунад. Дар рукӯъ назар ба ангуштони пои худ дар саҷда назар ба нармии бинии худ кунад, чашмашро напӯшад, ки макрӯҳ аст. Дар қаъда назар ба сандуқи синаи худ кунад. Пайғамбарамон Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам дар ҳадиси шарифи худ фармудаанд:

Ибодат кунед Аллоҳ Таъолоро ҳамчуноне, ки мебинед, ӯро пас агар набинед, Ӯ мебинад шуморо.

Дар қиём аввал сано бихонад.

НамозМавзӯи 32

САНО

«Субҳонакаллоҳумма ва биҳамдика ва табора касмука ва таъоло ҷадука ва ло илоҳа ғайрук». Баъд «Аъузу биллоҳи минаш шайтонир раҷим, Бисмиллоҳу раҳмону раҳим» гуфта, сураи фотиҳаро бихонад.

СураҳоМавзӯи 33

СУРАИ ФОТИҲА

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим. Алҳамду лиллоҳи раббил ъоламин. Арраҳмонирраҳим. Молики явмидди. Ийёка наъбуду ва ийёка насстаъин, Иҳдинас сиротал мустақим Сиротал лазина анъамта ъалайҳим, ғайрил мағзуби ъалайҳим валаззоллин. Омин.

Баъдан яке аз сураҳоро бихонад, масалан сураи Аср.

СураҳоМавзӯи 34

СУРАИ ЪАСР

Вал ъаср. Иннал инсона лафи хуср. Иллал лазина оману ва ъамилу-с-солиҳоти ватаво савбилҳаққи ватаво савбиссабр.

Баъдан Аллоҳу акбар гӯяд.

НамозМавзӯи 35

РУКӮЪ

Хам шуда бо ду даст сарҳои зонуяшро бо ангуштон гирад, чуноне, ки миёни ангуштон кушода бошад, тахтапушташро ба сараш баробар кунад ва се маротиба «Субҳона раббиял ъазим» гуяд. Аз ин рукӯъ «Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ»«Рабанно лакал ҳамд» гуяд. Агар худи имом бошад, «Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ» гӯяд.

НамозМавзӯи 36

САҶДА

Боз Аллоҳу акбар гуфта, ба саҷда равад. Ду зону, ду даст, бинӣ ва пешониро ба замин монад. Ду пой (қадам) – ро рост монда, кӯшиш кунад, ки сари ангуштонаш ба сӯи қибла бошанд. Шикамашро аз ронаш дур ва ковок гирад, аммо занон шикамро ба рон бичаспонанд, дар саҷда се маротиба «Субҳона раббиял аъло» гуяд, баъд «Аллоҳу Акбар» гуфта бишинад, як нафас хомӯш ва ором нишаста, боз ба тартиби боло гузашта саҷда кунад. Бо саҷдаи дуввум як ракаъат намоз мешавад. Аз саҷдаи дуввум «Аллоҳу акбар» гуфта, рост шавад ва дар қиём бо-одобона истода, аввал сураи фотиҳа ва яке аз сураҳоро бихонад.

СураҳоМавзӯи 37

СУРАИ КАВСАР

Инно аътайнока-л-кавсар. Фасалли лираббика ванҳар. Инна шониака ҳувал абтар.

Баъд рукӯъ ва саҷда карда, дар ин ракаъат нахезад, балки нишаста, дар қаъда ташаҳҳуд бихонад.

НамозМавзӯи 38

ҚАЪДА

Одоби қаъда (нишастан) ин аст. Пои чапро паҳн карда, ба болои ӯ бинишинад ва пои росташро бимонад ба ин тариқ, ки сари ангушноташ бар замин бошаду суми пой ба боло. Ду дасташро ба болои рон бимонад, дастҳо бояд баробари зону бошанд. Аммо занҳо дар болои дунбаи чап нишаста, ду пойро аз ҷониби рост мебароранд. Дар ин ҳолат ташаҳҳуд мехонанд.

НамозМавзӯи 39

ТАШАҲҲУД

Аттаҳиёту лиллоҳи вассалавоту ваттайибот. Ассалому ъалайка айюҳаннабийю ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ. Ассалому ъалайно ва ъало ъибодиллоҳиссолиҳин, ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан ъабдуҳу ва расулуҳ.

Агар намоз ду ракаъатӣ бошад, баъд аз ташаҳҳуд салавот ва дуъо мехонад.

НамозМавзӯи 40

САЛАВОТ

Аллоҳума салли ъало Муҳаммадин ва ъало оли Муҳаммад камо саллайта ъало Иброҳима ва ъало оли Иброҳим, иннака Ҳамидум – маҷид. Аллоҳума борик ъало Муҳаммадин ва ъало оли Муҳаммад, камо борикта ъало Иброҳима ва ъало оли Иброҳим, иннака Ҳамидум – маҷид.

НамозМавзӯи 41

ДУО

Аллоҳуммағфирлӣ вали волидайя вали ҷамиъил мӯъминина вал мӯминот, вал муслимина вал муслимот. Бирҳматика ё арҳамар роҳимин.

Баъд ба тарафи рост сарашро гардонида, чуноне, ки китфашро бинад, «Ассалому ъалайкум ва раҳматуллоҳ» гӯяд ва ба тарафи чапаш ҳам ҳамин хел салом дода барояд.

Агар намоз чор ракаъатӣ бошад, дар қаъдаи ракаъати дуюм фақат ташаҳҳудро хонда, Аллоҳу акбар гӯён аз ҷояш бархеадва рост шуда, дар тартиби боло гузашта сураи фотиҳа хонад. Агар ин намоз намози фарз бошад (монанди фарзи пешин, аср ва хуфтан) баъд аз сураи фотиҳа дигар сура намехонад (мисли суннати пешин, ҷумъа ва таровиҳ) дигар сура низ бихонад. Баъди рукӯъ ва ду саҷда бархезад ва рост шуда, сураи фотиҳа ва дигар сура хонда (дар суннатҳо) ё нохонда (дар фарзҳо) рукӯъ ва ду саҷда кунад. Баъд аз саҷдаи дуюм нишаста, ташаҳҳуд, салавот ва дуо хонда, ба ду тараф салом диҳад.

Дар намози се ракаъата, дар фарзи шом баъд аз ташаҳҳуди ракаъати дуюм рост шуда, сураи фотиҳаро сирран хонад, рукӯъ ва ду саҷда карда, нишаста ба ҳамаи мазкуроти боло намозро тамом кунад. Дар витри воҷиби хуфтан дар ракаъати саввум сураи фотиҳа ва дигар сура хонда, мисли такбири таҳрима «Аллоҳу акбар» гӯён сари нарангуштро ба нармии гӯш бирасонад ва боодобона истода, дуоъи қунутро бихонад.

НамозМавзӯи 42

ДУОЪИ ҚУНУТ

Аллоҳума инно настаъинука ва настағуфирукка ва нуъминубика ва наттаваккалу ъалайка ва нусни ъалайкал хайр. Нашкуррука ва ло накфурук, ва нахлаъу ва натруку май яфҷурук. Аллоҳума ийёка наъбуду валака нусаллӣ насҷуду ва илайка насъо, ва наҳфиду ва нарҷу раҳматика, ва нахшо ъазобика, инна ъазобика бил куффори мулҳиқ «

Эй, Аллоҳ, аз ту мадад металабем ва аз ту мағфират мехоҳем ва бар ту эътимод (боварӣ) мекунем ва туро ситоиш мекунем. Ба зикри хайраз ту сипосгузорӣ мекунем ва туро ношукрӣ намекунем ва касеро, ки нофармонӣ туст раҳо мекунем ва аз ӯ алоҳида мешавем. Эй Аллоҳ, хос туро ибодат мекунем ва барои ту намоз мегузорем ва саҷда мекунем ва сӯи ту меравем ва анҷоми хидмат менамоем ва умедвори раҳмати туем ва аз азоби ту метарсем, ҳамоно азоби ту ба куффор хоҳад расид.

Баъд мисли дигар намозҳо рукӯъ ва ду саҷда карда, ду қаъда ташаҳҳуду салавоту дуъо, ҳамаашро хонда, ба ду тараф салом дода, аз намоз барояд.

Бенамозӣ гуноҳи калон буда, дар охират азоби сахт дорад. Аз бенамоз ҳеҷ хайрот дар назди Аллоҳ қабул намешавад. Имони бенамоз даъвои бедалел аст, бояд ки ҳар як мусулмон панҷ вақт намозро дар вақташ ба ҷо оварад.

Рӯзи машҳар, ки ҷонгудоз бувад,

Аввали пурсиш аз намоз бувад,

Паст макун дар намозҳо тақсир,

То дар он рӯз бошадат тавфир.

НамозМавзӯи 43

ДУО ВА ТАСБИҲОТИ БАЪДИ НАМОЗ

Ҳар як намозхон баъд аз намоз инро бояд гуяд:

  • Астағфируллоҳ, астағфируллоҳ, астағфируллоҳ. Аллоҳумма антас-салом ва минкас-салом. Таборакта раббано ва таъолайта ё зал ҷалоли вал икром.
  • Субҳоналлоҳ (33-маротиба), Алҳамдулиллоҳ (33-маротиба) Аллоҳу акбар (33-маротиба), калимаи тавҳид (1 маротиба).

Ҳар кас тасбиҳот ва калимаи тавҳидро баъди намоз бихонад, боиси фавоиди динию дунявӣ хоҳад шуд. Дар охир ин дуъоро гӯяд: «Аллоҳумма тақаббал минно салотано ва тазарруъано ва тахашшуъано ваъфу анно мин ҷамиъи нуҷсонтиҳо ва тақсиротиҳо ва туб ъалайно ё мавлоно иннака антаттаввобур раҳим, бираҳматика ё арҳамарроҳимин».

НамозМавзӯи 44

ДУЪОИ ХАЙР

Илоҳо оқибати кори ҷамъи мӯъмининро ба хайр гардони, имонро саломат дори, ба роҳи рост ҳидоят куни, тавфиқ ба тоъат, ва парҳез аз маъсият каромат фармоӣ. Аз гуноҳҳои сағира ва кабира пок гардони. Аз бало ва офатҳо дар паноҳат нигоҳ дори. Ба ҷамъи муроду мақсадҳои неки динию дунявӣ бирасони. Аз гавҳари имон, ки ато фармуди, ҷудо нагардони, омин ё раббил оламин. Бираҳматика ё арҳамарроҳимин.

СураҳоМавзӯи 45

АЗ СУРАҲОИ ҚУРЪОНИ КАРИМ - СУРАИ ФОТИҲА

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим. Алҳамду лиллоҳи раббил ъоламин, арраҳмонир раҳими моликиявмиддин. Ийёка наъбуду ва ийёка насстаъин, иҳдинассиротал мустақима, сиротал лазина анъамта ъалайҳим, ғайрил мағзуби ъалайҳим валаззолин. Омин.

СураҳоМавзӯи 46

СУРАИ АСР

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим. Вал - аср. Иннал - инсона лафи хуср. Иллал - лазина аману ва амилус - салихати ва тавосав бил - хаққи ва тавосав бис-сабр.

СураҳоМавзӯи 47

СУРАИ ФИЛ

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим. Алам тара кайфа фаъал Раббука би асҳобил фил. Алам яҷъал кайдаҳум фитазлил. Ва арсала ъалайҳим тайран абобил. Тармиҳим ба ҳиҷоратим мин сиҷҷил. Фаҷаъалаҳум каъсфим маъкул.

СураҳоМавзӯи 48

СУРАИ ҚУРАЙШ

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим. Ли илофи Қурайш. Илофиҳим риҳлаташ шитои вассайф. Фал яъбуду Рабба ҳозал байт. Алази атъамаҳум мин ҷуъив ва оманаҳум мин хавф.

СураҳоМавзӯи 49

СУРАИ МОЪУН

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим. Араайтал-лази юказзибу будин. Фазоликал-лази ядуъъул ятим. Ва ло яҳуззу ъало таъомил мискин. Фавайлул-лил мусаллин. Аллазина хум ъан салотиҳим соҳун. Аллазина хум юроун. Ва ямнаъунал моъун.

СураҳоМавзӯи 50

СУРАИ КАВСАР

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим. Инно аътайнока-л-кавсар. Фасалли ли Раббика ванҳар. Инна шониака ҳувал абтар.

СураҳоМавзӯи 51

СУРАИ КОФИРУН

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим. Қул ё айюҳал-кофирун. Ло аъбуду мо таъбудун. Ва ло антум ъобидуна мо аъбуд. Ва ло ано ъобидум-мо ъабадтум. Ва ло антум ъобидуна мо аъбуд. Лакум динукум ва лия дин.

СураҳоМавзӯи 52

СУРАИ НАСР

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим. Изо ҷоа насруллоҳи вал фатҳ. Ва раайтан-носа ядхулуна фи диниллоҳи афвоҷа. Фасаббиҳ биҳамди Раббика вастағфирҳ. Иннаҳу кона таввобо.

СураҳоМавзӯи 53

СУРАИ МАСАД

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим. Таббат ядо Аби лаҳабию ва табб. Мо ағно ъанҳу молуҳу ва мо касаб. Саясло норан зота лаҳаб. Вамраатуҳу ҳаммолатал ҳатаб. Фӣ ҷидиҳо ҳаблум мим масад.

СураҳоМавзӯи 54

СУРАИ ИХЛОС

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим. Қул ҳуваллоҳу аҳад. Аллоҳуссамад. Лам ялид ва лам юлад. Ва лам якуллаҳу куфуван аҳад.

СураҳоМавзӯи 55

СУРАИ ФАЛАҚ

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим. Қул аъузу бираббил-фалақ. Мин шарри мо халақ. Ва мин шарри ғосиқин изо вақаб. Ва мин шаррин-наффосоти фил-ъуқад. Ва мин шарри ҳосидин изо ҳасад.

СураҳоМавзӯи 56

СУРАИ НОС

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим. Қул аъузу бираббин-нос. Маликин-нос. Илоҳин-нос. Мин шаррил-васвосил-ханнос. Аллазӣ ювасвису фӣ судурин-нос. Минал-ҷиннати ван-нос.

СураҳоМавзӯи 57

ОЯТАЛКУРСӢ

Аллоҳу ло илоҳа иллоҳу. Алҳаюл қайюм. Ло таъхузуҳу синатув ва ло навм. Лаҳу мо фиссамовоти ва мо фил арз. Манзаллазӣ яшфаъу ъиндаҳу илло биизниҳ. Яъламу мо байна айдиҳим ва мо халфаҳум ва ло юҳитуна бишайим мин ъилмиҳи илло бимошоъ. Васиъа курсиюҳу ссамовоти вал арз. Вало яудуҳу ҳифзуҳумо ва ҳувал алийюл ъазим.

НамозМавзӯи 58

ДУОИ ХАТМИ ҚИРОАТ

Субҳона раббика раббил ъиззати ъаммоясифун. Ва саломун ъалал мурсалин. Валҳамду лиллоҳи раббил оламин.

НамозМавзӯи 59

ДУЪОИ БАЪДИ ҚИРОАТ

Ҳадя кардам савоб ва самараи тиловати Қуръони каримро ба ризои Ҳақ субҳонаҳқ ва таъоло, ба рӯҳи пурфутӯҳи ҳазрати росалатпаноҳ Муҳаммад Мустафо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва ба арвоҳи ҷамиъи муъминин ва мӯъминот ва муслимин ва муслимот, падарону модарон ва ба арвоҳи ҷамиъи гузаштагоне, ки ҳаққи онҳо бар мост. Худованди таборак ва таъоло ҷамиъашонро ғариқи раҳмат ва шоистаи ҷаннат гардонад, бираҳматика ё арҳамар роҳимин.

АқидаМавзӯи 60

АМАЛҲОИ МАШРӮЪ ВА ҒАЙРИ МАШРӮЪ

Амалҳои машрӯъ 5 – то ва ғайри машрӯъ 3 – то мебошанд.

ФАРЗ

Он чизест, ки собит шудааст ба далели қатъӣ ва шубҳае дар ҳамон далел нест. Ҳукми фарз савоб аст ба сабаби кардан, иқоб аст ба сабаби тарк кардан ва куфр аст ба сабаби инкор (рад) кардан. Амали фарз мисли намоз хондан, руза доштан ҳаҷҷи Байтуллоҳ кардан, закоти мол додан, амри маъруфу наҳйи мункар кардан.

ВОҶИБ

Он чизест, ки собит шудааст ба далели гумоне, ки ҳаст шубҳае дар ҳамон далел. Ҳукми воҷиб савоб аст ба сабаби кардан аз рӯи амали фарз ва иқоб аст ба сабаби тарк кардан ва адами (набудани) куфр аст ба сабаби инкор (рад) кардан. Амали воҷиб мисли намози витр, дуоъи қунут, намозҳои ид, садақаи фитр, қурбонӣ кардан.

СУННАТ

Қавл, амал ва иқрори пайғамбарамон салаллоҳу ъалайҳи ва саллам аст ва он чизест, пайғамбарамон (с) дар ҳамаи ҳаёти худ, тарк кардан, як ё ду маротиба. Ҳукми суннат савоб аст ба сабаби кардан ва иқоб аст ба сабаби қасдан тарк кардан. Амали суннат мисли риш мондан, мисвок кардан.

МУСТАҲАБ

Он чизест, ки пайғамбарамон (с) дар ҳамаи ҳаёти худ онро як ё ду маротиба кардаанд ва дуст доштаанд онро аҳли салаф. Ҳукми мустаҳаб савоб аст ба сабаби кардан ва адами (набудани) иқоб аст ба сабаби тарк кардан. Амали мустаҳаб ибтидои ҳар корро аз рост сар кардан, масҳи гардан кашидан, намозҳои нафлии пеш аз ъаср ва пеш аз хуфтан, рӯзаи нафл, садақаи нафл.

МУБОҲ

Он чизест, ки мухайяр гузошта шудааст, бандаро байни кардан ва нокардани амал. Амали мубоҳ мисли зиёда хӯрдан барои зарурат ва ё зиёда хоб кардан.

АқидаМавзӯи 61

НАМУДҲОИ ФАРЗ ВА СУННАТ

Фарз ду хел мешавад: фарзи ъайн ва фарзи кифоя.

  • Фарзи ъайн он чизест, ки то худи банда ба ҷо наорад, аз гарданаш соқит намешавад. Мисли намоз хондан.
  • Фарзи кифоя он чизест, ки як кас ба ҷо оварад аз дигарон соқит мешавад. Мисли намози ҷаноза ва ҷавоби салом.

Суннат ду хел мешавад: суннати муаккада ва суннати мустаҳабба.

  • Суннати муаккада он чизест, ки пайғамбарамон (с) тарк накардаанд. Мисли суннатҳои намози бомдод, пешин, шом ва хуфтан.
  • Суннати мустаҳабба он чизест, ки пайғамбарамон (с) дар ҳаёти худ як ё ду маротиба кардаанд. Мисли суннати намози аср ва чаҳор ракаъат суннати пеш аз намози хуфтан.
АқидаМавзӯи 62

ҲАРОМ

Он чизест, ки манъ карда шудааст, бо далели қатъӣ. Ҳукми амали ҳаром ба сабаби тарк кардан савоб аст ва кардани он гуноҳи кабира аст. Ҳалол шуморидани ҳаром куфр аст, инчунин аксаш. Амали ҳаром мисли арақ нӯшидан, зино кардан, падару модаронро норизогӣ кардан.

АқидаМавзӯи 63

МАКРӮҲ

Он чизест, ки қабеҳ шуморида шудааст кардани он. Ҳукми макрӯҳ савоб аст ба сабаби тарк кардани ва итоб аст ба сабаби кардан. Амали макрӯҳ мисли дар вақтҳои тулӯъ, қиём ва ғуруби офтоб намоз гузоридан, бо дасти рост бинӣ афшонидан, дар мақоми истинҷо сухан гуфтан.

АқидаМавзӯи 64

МУФСИД

Он чизест, ки ба сабаби кардани он намоз фасид шавад. Амали муфсид мисли дар намоз каломи дунёӣ задан, дар ҳолати рӯзадорӣ хӯрдан, ошомидан.

ОдобМавзӯи 65

ФАРЗИ ХИЛОФИЯ

Фарзи хилофия панҷ аст:

  • Тартиб
  • Ором гирифтан дар рукӯъ ва дар суҷуд.
  • Қавма.
  • Ҷалса.
  • Баромадани намозхон аз намоз бо феъли худаш.

Соҳибтартиб он шахсе мебошад, ки дар ҳамаи ҳаёти худ ягон маротиба, ло ақал дар як сол як маротиба намози худро қазо накарда бошад, илло аз соҳибтартибӣ мебарояд.

АқидаМавзӯи 66

ВАҚТҲОИ ҲАРОМ ВА МАКРӮҲ

Дар ин се вақт хондани ҳар навъ намоз макрӯҳ аст:

  • Пас аз намози фаҷр то тулӯи офтоб.
  • Даҳ ва понздаҳ дақиқа қабл аз завол ва баъди он.
  • Пас аз фарзи намози аср то ғуруби офтоб.

Дар вақтҳои мазкур хондани намози ҷаноза ва саҷдаи тиловат ҷоиз аст.

НамозМавзӯи 67

САҶДАИ САҲВ

Ҳар гоҳ, ки таъхири фарз ва ё як воҷибе аз намоз ба фаромушӣ тарк гардад ва дар намоз ёд ояд, барои ҷабри нуқсони он намоз дар қаъдаи охир пас аз аттаҳиёт ба тарафи рост салом карда ба ҷой овардани ду саҷда воҷиб аст, инро саҷдаи саҳв (фаромушӣ) мегӯянд. Ин ду саҷдаро ба ҷо оварда, дубора аттаҳиёт, дуруд ва дуъо хонда, баъд ба ҳарду ҷониб салом диҳад. Мисли дар намоз дар қаъдаи аввал нанишаста, ба қиём рост шавад, ё аттаҳиётро дар қаъдатайн нахонад, замми сура накунад, ё дуъони қунут нахонад ва ғайра. Агар яке аз воҷибот фаромуш шавад ва ин ду саҷдаро аст. Агар саҷдаи саҳв фаромуш шавад, пас аз салом ба ёдаш ояд, ягон амале накарда бошад, сухан аз каломе накарда бошад, то ин вақт рӯ ба қибла бошад, агар чӣ пас аз салом дер гузошта бошад ҳам саҷдаи саҳв кунад дуруст бошад. Ва пас аз саҷдаи саҳв аттаҳиёт, салавот ва дуъо хонда ба ду тараф салом диҳад. Ба ду ё зиёда тарки воҷиб ҳам, як саҷдаи саҳв кифоя аст.

НамозМавзӯи 68

САҶДАИ ТИЛОВАТ

Дар Қуръони карим 14 оят аст, ки ба тиловати он як саҷда воҷиб мешавад. Ин саҷдаро саҷдаи тиловат мегуянд. Дар қиём истода «Аллоҳу акбар» гуфта, ба саҷда равад ва се бор «Субҳона раббиял ъало» гуфта, як сачда ба ҷо орад ва «Аллоҳу акбар» гуфта аз саҷда бихезад.

НамозМавзӯи 69

НАМОЗИ ҶУМЪА

Намози ҷумъа мисли намози панҷгона фарз аст. Лекин бар аҳолии деҳот ва қишлоқ фарз нест. Вақти намози ҷумъа ҳамон вақт намози пешин аст. Дар ҷумъа 10 ракаъат намоз аст: 4 ракаъат суннат, 2 ракаъат фарз, 4 ракаъат суннат.

НамозМавзӯи 70

НИЯТИ НАМОЗИ ҶУМЪА

Ният кардам бигузорам, чаҳор ракаъат суннати намози пеш аз фарзи ҷумъа, вақте ки бар ман аст, рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба, холисаллиллоҳи таъоло Аллоҳу акбар. Ният кардам, соқит гардонам фаризаи вақтиро ба адо кардани ду ракаъат фарзи намози ҷумъа, вақте, ки бар ман аст, рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба, иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода, холисаллиллоҳи таъоло. Аллоҳу акбар. Ният кардам бигузорам, чаҳор ракаъат суннати намози пеш аз фарзи ҷумъа, вақте ки бар ман аст, рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба, холисаллиллоҳи таъоло Аллоҳу акбар.

НамозМавзӯи 71

НИЯТИ НАМОЗИ ИДИ РАМАЗОН

Ният кардам, бигузорам, ду ракаъат намози иди қурбон, ба ҷумлаи такбироташ, ки воҷиби ҳамин вақт аст, рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба, иқтидо кардам ба имоми хозиристода, холисаллиллоҳи таъоло Аллоҳу акбар.

НамозМавзӯи 72

ТАКБИРИ ТАШРИҚ

Ин такбирро аз рӯзи ъарафа, яъне як рӯз пеш аз иди қурбон аз намози бомдод сар карда, то рӯзи чаҳоруми ид, то намози ъаср баъди ҳар фарз мехонад, ки 23 такбир мешавад. Амали такбири ташриқ воҷиб аст.

Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, ло илоҳа иллаллоҳу валлоҳу акбар, Аллоҳу акбар ва лиллоҳил ҳамд.

НамозМавзӯи 73

НИЯТИ НАМОЗИ ҶАНОЗА

Ният кардам, бигузорам чаҳор такбироти салоти ҷанозаро, сано мар Худоро, дуруд мар Муҳаммади Мустафоро, савобашро бахшидам мар ин маййти ҳозиристодаро, вақте ки бар ман аст, рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Қаъба, иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода холисал-лиллоҳи таъоло.

Аллоҳу акбар. Субҳонакаллоҳума ва би ҳамдика ва таборакасмука ва таъоло ҷаддука ва ло илоҳа ғайрук. Аллоҳу акбар.

Аллоҳумма сали ъало Муҳаммадин ва ъало оли Муҳаммад, камо саллайта ъало Иброҳима ва ъало оли Иброҳим иннака ҳамидун маҷид. Аллоҳумма борик ъало Муҳаммадин ва ъало оли Муҳаммад камо боракта ъало Иброҳима ва ъало оли Иброҳим иннака ҳамидун маҷид. Аллоҳу акбар. Аллоҳумағфирли-ҳаййно ва маййтино ва шоҳидино ва ғоибино ва сағирино ва кабирино ва закарино ва унсоно, Аллоҳумма ман аҳяйтаҳу минно фатаваффаҳу ъалал имон, бираҳматика ё арҳамар роҳимин.

Инро гуфта, баъд ба ду тараф салом дода, аз намоз мебарояд.

Агар мурда писараки норасида бошад, ин дуъоро бихонад:

Аллоҳуммаҷ-ъалҳу лано фаратав, ваҷъалҳу лано аҷрав ва зухран ваҷъалҳу лано шофиав ва мушаффаан, бираҳматика ё арҳамар роҳимин.

Агар мурда духтараки норасида бошад, ин дуъоро бихонад:

Аллоҳумаҷъалҳо лано фаратав ваҷъал ҳо лано аҷрав ва зухран, ваҷъалҳо шофиатав ва мушаффатан, бираҳматика ё арҳамар роҳимин.

НамозМавзӯи 74

ТАСБЕҲИ РАМАЗОН

Субҳона зилмулки валмалакут, субҳона зил ъиззати вал ъазамати вал қудрати вал кибриёи вал ҷабарут. Субҳонал маликил ҳайиллазӣ ло яному вало ямут. Суббуҳун қуддусун раббуно ва рабул малоикати варруҳ. Ло илоҳа иллаллоҳу настағфируллоҳ, насалукал ҷанната ва наъузу бика минан нор.

АқидаМавзӯи 75

ЧИЛ ФАРЗ

Эй бародар, аз масоил чил фариза ёд дор,

То биҳишти ъадн ёби андарон рӯзӣ шумор.

Ҳафти имон, панҷи ислому ду шаш андар намоз,

Се ба ғуслу дар вузуву дар таяммум чор чор.

Дуи дигар амри маъруф асту наҳйи мункараст,

Баъд аз он ҳайзу нифосу илм, эй садри кибор.

РӯзаМавзӯи 76

ФАРОИЗИ РӮЗА

Дар рӯза се фарз аст:

  • Ният
  • Нахурдан ва наошомидан аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб
  • Тарки ҷимоъ кардан аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб
РӯзаМавзӯи 77

НИЯТИ РӮЗАИ РАМАЗОН

Валисавми ғаддин мин шаҳри рамазоналлазӣ фаризатан навайту.

РӯзаМавзӯи 78

НИЯТИ РӮЗА КУШОДАН

Аллоҳумма лака сумту ва бика оманту ва ъалайка таваккалту ва ъало ризқика афтарту.

ЗакотМавзӯи 79

ФАРОИЗИ ЗАКОТ

Шароити фарз шудани закон ҳафт аст:

  • Ҳуррият – яъне озод будан.
  • Балоғат
  • Оқил
  • Ислом
  • Нисоб
  • Гузаштани сол
  • Ғайр аз қарз соҳиби мол будан
ЗакотМавзӯи 80

МАСОРИФИ ЗАКОТ

  • Фақир – яъне шахсест, ки ӯро мол асту кам аз нисоб.
  • Мискин – яъне шахсест, ки ӯро чизе нест.
  • Омили закот – яъне ҷамъкунандаи закот.
  • Мукотаб – яъне ғуломе, ки барои озод кардани худ кор карда истодааст.
  • Мадюн – яъне шахсест, ки аз ватанаш дур афтодааст ва бо худ чизе надорад.
ЗакотМавзӯи 81

ТАНБЕҲ

Касе, ки закот надиҳад, намози ӯ қабул намешавад ва моли ӯ бар ӯ ҳалол намешавад ва агар садақа ва хайрот кунад, қабул намешавад. Риваят кардааст Абӯ Ҳурайра разияллоҳу ъанҳу аз Пайғамбарамон Муҳаммади Мустафо (с), касе ки Парвардигор ӯро мол диҳад, вале закоташро адо накунад фардо рӯзи қиёмат сӯхта мешавад бо ҳамон мол рӯи ӯро ва ду паҳлӯи ӯро ва пушти ӯро ва ҳар вақто, ки хунук шавад боз такрор карда мешавад ҳамон азобро.

ҒуслМавзӯи 82

ФАРОИЗИ ҒУСЛ

  • Шустани даҳон.
  • Шустани бини.
  • Шустани тамоми бадан.
ҒуслМавзӯи 83

НИЯТИ ҒУСЛ

Навайту ан ағтасила ғуслан минал ҷанобати рафан лил ҳадаси истибоҳатан лиссалоти ва таҳоратан лил бадани ва тақаррубан миналлоҳи таъоло Аллоҳу акбар.

ОдобМавзӯи 84

АМАЛҲОИ СОЛЕҲ

Ҳар шахсе, ки номи Худои таъолоро шунавад, «Ҷалла ҷалолаҳу гӯяд».

Ҳар шахсе, ки номи пайамбарамон Муҳаммад Мустафоро шунавад, «саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам» гӯяд.

Ҳар шахс пеш аз таъом хӯрдан «Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим» гӯяд. Баъд аз таъом хӯрдан «Алҳамду лиллоҳи раббил ъоламин» гӯяд.

НамозМавзӯи 85

ДУЪОИ БАЪДИ ТАОМ

«Алҳамду лиллоҳиллазӣ атъамано ва сақоно ва ҷаъалано минал муслимин.»

Дуъое, ки дастшӯй барои шахси обрез мегӯяд: «Таҳаракаллоҳу мин ҷамиъи зунубика». Ва шахси обрез ин дуъоро мегӯяд: «Ва лака мисли золика».

Агар шахсе атса занад, ин дуъоро гӯяд: «Ярҳамукаллоҳ».

Агар шахсеро хамёза ояд бо пушти се ангушти дасти чапаш даҳонашро пӯшида гӯяд: «Астағфируллоҳ».

Дар вақти вохӯрӣ гӯяд: «Ассалому ъалайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ».

Дар вақти даст диҳӣ гӯяд: «Яғфируллоҳи лано ва лакум». Дар вақти ирода ва ё ваъда кардан гӯяд: «Иншоаллоҳу таъоло».

Дар вақти хайру хуш гӯяд: «Фи амониллоҳи таъоло».

Калимаи афсӯс. Агар шахсе вафоти бародари мӯъминашро шунавад гӯяд: «Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун».

Дар вақти тобутро бардоштан гӯяд: «Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим».

Дуъое, ки ба хок суф карда ба қабр мерезанд: «Минҳо халақнокум ва фиҳо нуъидукум, ва минҳо нухриҷукум торатан ухро».

Саволу ҶавобМавзӯи 86

АГАР ПУРСАНД, КИ...

С:Ту бандаи кӣ?
Ҷ:

Ман бандаи Худо

С:Уммати кӣ?
Ҷ:

Уммати Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам.

С:Дӯстдори кӣ?
Ҷ:

Дӯстдори чаҳор ёри босафо.

С:Мазҳаб ба кӣ дорӣ?
Ҷ:

Мазҳаб ба имоми Аъзам.

С:Аз миллати кӣ?
Ҷ:

Аз миллати Иброҳими Халилуллоҳ.

НамозМавзӯи 87

АФЗАЛИ ДУЪО

«Раббано отино фид–дунё ҳасанатан ва фил охирати ҳасанатан ва қино ъазобан нор.»