Quran.tjGet it on Google Play

99 НОМҲОИ БАСО ЗЕБОИ АЛЛОҲ

ва шарҳи он

Муқаддима

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим

Ҳамду ситоиши беканор Аллоҳ таолоро ва салому дуруди бепоён ба ҳазрати Муҳаммад алайҳиссалоту вассалом ва ба ҳамаи саҳобагону оли киром. Аммо баъд: Аллоҳ таоло махлуқотро офарид, то Ӯро шиносанду парастиш кунанд. Илми шиносоӣ бо номҳои зебои Аллоҳ ва сифоти олии Ӯ бузургтарин ва беҳтарин илм аст. Баъзе бародарон хоҳиш карданд, ки оид ба наваду нӯҳ номҳои зебои Аллоҳ таоло як китобе таълиф кунам. Хоҳиши онҳоро иҷобат кардам ва наваду нӯҳ номи Аллоҳ таолоро тарҷума карда, шарҳи мухтасар додам ва номи китобро: «99 номҳои басо зебои Аллоҳ ва шарҳи он» номидам. Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло мову шуморо ба роҳи рост ҳидоят кунад ва аз гумроҳӣ дар паноҳаш нигоҳ дорад. Омин.

Фазилати ҳифз кардани 99 номи Аллоҳ

Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд:

«Албатта Аллоҳ наваду нӯҳ ном дорад, як кам сад, касе он номҳоро ҳифз кунад, вориди ҷаннат мешавад».

Ривояти Бухорӣ ва Муслим.

Марҳамат бародарону хоҳарони азиз, ин 99 номҳоро ҳифз кунед, маънояшонро фаҳмед, ба талаботи ин номҳо амал кунед, ҳам оид ба Парвардигори худ илм мегиред ва ҳам вориди биҳишт мешавед.

Фоидаи донистани номҳои Аллоҳ

Ибнил Қайим мегӯяд:

«Хуштарин чиз дар дунё шинохтани Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло ва муҳаббати ӯст».

Агар Аллоҳ таоло барои бандааш неъмати бузург доданӣ бошад, ӯро ба илми шинохтани номҳои зебо ва сифатҳои камолаш ҳидоят мекунад, яъне илҳом медиҳаду дилашро барои ин кор мекушояд. Пас агар шумо аз ҷумлаи чунин бандаҳо бошед, хуш ба ҳолатон, ба хондану фаҳмидани ин китоб кӯшиш кунед.

🔍
1
اللَّهُ
Аллоҳ
Маъбуд, яъне зоте ки парастиш мешавад ва сазовори парастиш аст
2
الإِلَهُ
Ал-Илоҳ
Маъбуд аст, яъне зоте, ки парастиш карда мешавад, сазовори парастиш, чизе, ки онро парастиш мекунанд
3
الرَّحْمَنُ
Ар-Раҳмон
Соҳиби раҳмати васеъ
4
الرَّحِيمُ
Ар-Раҳим
Соҳиби раҳмати васеъ
5
الرَّبُّ
Ар-Раб
Парвардигор, яъне тарбияткунанда, Молик ва Соҳиб, Офаридагор, идоракунанда, ислоҳкунандаи амри халқаш, дар олам чӣ хел хоҳад, амал мекунад
6
الْمَلِكُ
Ал-Малик
Малик ба маъно подшоҳи мутлақ, шоҳи ҳақиқӣ аст
7
الْمَلِيكُ
Ал-Малийк
Малийк аз калимаи мулк гирифта шуда, бар бузургии мулки Ӯ таоло далолат мекунад
8
الرَّازِقُ
Ар-Розиқ
Ризқҳоро офарид ва ба махлуқот дод
9
الرَّزَّاقُ
Ар-Раззоқ
Аз ҷумлаи номҳои зебои Аллоҳ Раззоқ, яъне бисёр рӯзидиҳанда аст
10
الصَّمَدُ
Ас-Самад
Бениёз, беҳоҷат
11
الْحَيُّ
Ал-Ҳай
Аллоҳ зинда аст, ҳаёташ доимӣ ва ҳаёти комил, ҳаёти пок аз айбу нуқсон аст
12
الْقَيُّومُ
Ал-Қайюм
Доимо ба идораи халқ қоим аст
13
الْوَهَّابُ
Ал-Ваҳҳоб
Сиғаи муболиғаи диҳанда, бисёр бахшанда, саховатманд, ҳимматбаланд, бисёр васеъ атокунандаи ҳадяҳо ва туҳфаҳо
14
الْخَالِقُ
Ал-Холиқ
Созанда, халқкунанда, офаранда, эҷодкунанда
15
الْخَلَّاقُ
Ал-Халлоқ
Сиғаи муболиғаи номи Холиқ, яъне бисёр офаранда аст
16
الْغَنِيُّ
Ал-Ғанӣ
Аллоҳ ба касе дар чизе ҳоҷат надорад ва ҳама ба Ӯ муҳтоҷанд
17
الْمُصَوِّرُ
Ал-Мусаввир
Сураткаш, наққош меояд
18
الشَّافِي
Аш-Шофӣ
Шифодиҳанда, ба тамоми бемориҳо шифо мебахшад, чӣ бемориҳои руҳӣ, қалбӣ ва ё баданӣ
19
الْبَارِئُ
Ал-Борӣ
Оне, ки халқро бо қудраташ пайдо кард
20
اَلاَحَدُ
Ал-Аҳад
Якка ва ягона аст, ҳаммислу монанд надорад, оне ки бо сифатҳои камолу ҷалолу ҷамол ва ғайра ягона аст, дар ягон сифаташ ҳаммислу монанд надорад
21
الْواحِدُ
Ал-Воҳид
Якка ва танҳо, ҳеҷ шарике надорад
22
الْكَرِيمُ
Ал-Карим
Ҳамеша хайру нафақаи бисёру бузург диҳанда
23
الأَكْرَمُ
Ал-Акрам
Тамоми намудҳои хайру шарафу фазоилро ҷамъ кардааст
24
الْفَتَّاحُ
Ал-Фаттоҳ
Кушояндаи дарҳои хазинаи ризқу карам, раҳмату хайр ва сабабҳои он ба бандагонаш аст
25
السَّمِيعُ
Ас-Самиъ
Яъне шунаво
26
الْبَصِيرُ
Ал-Басир
Яъне бино
27
الْمَنَّانُ
Ал-Маннон
Диҳандаи неъматҳои бузург
28
اَلْعَلِيْمُ
Ал-Алим
Оне, ки аз ӯ чизе пинҳон нест
29
الْمُعْطِي
Ал-Муътӣ
Атокунанда, диҳанда, дар ато ягона аст, агар чизе дод, касе манъ карда наметавонад ва агар манъ кунад, касе дода наметавонад
30
اللَّطِيفُ
Ал-Латиф
Ба корҳои махфӣ ниҳоят доно ва ба бандагонаш бо рифқу пинҳонӣ расонандаи хайр аст
31
الْخَبِيرُ
Ал-Хабир
Хабардор ва бисёр огоҳ, кордону бисёр доно
32
الْمُتَكَبِّرُ
Ал-Мутакаббир
Соҳиби кибру бузургӣ, калонигарӣ, чун аз ӯҳдааш мебарояд, ва ҳақ дорад калонигарӣ кунад
33
الْمُحْسِنُ
Ал-Муҳсин
Эҳсонкунанда дар корҳояш, эҳсонкунанда дар инъомаш ба бандагонаш
34
الْعَزِيزُ
Ал-Азиз
Оне мебошад, ки ҳамаи маънои иззат аз они Ӯст
35
الْجَبَّارُ
Ал-Ҷаббор
Тавоно, соҳиби қудрат, ва хашм
36
الْجَمِيلُ
Ал-Ҷамил
Зебо, соҳибҷамол
37
الْعَظِيمُ
Ал-Азим
Бузург
38
الْكَبِيرُ
Ал-Кабир
Оне, ки ҳама аз Ӯ хурд аст
39
الْبَرُّ
Ал-Барр
Некӯкор
40
الْحَقُّ
Ал-Ҳақ
Дар зоту илоҳияту сифоташ мутаҳаққиқ аст
41
الْمُبِينُ
Ал-Мубин
Ошкоркунанда, равшанкунанда, баёнкунанда
42
السَّلاَمُ
Ас-Салом
Солим аз офату зулм
43
الْمَاجِدُ
Ал-Маҷид
Бузург, бошаъну шараф, олиқадр, баландмартаба
44
الْقَوِيُّ
Ал-Қавӣ
Боқувват, зӯр, тавоно, соҳиби қувват
45
الْمَتِينُ
Ал-Матин
Устувор, собит, маҳкам, сахт боқувват, ниҳоят нерӯманд
46
الْحَكِيمُ
Ал-Ҳаким
Зотест, ки ҳар як чизро дар ҷои худ мегузорад
47
الْحَكَمُ
Ал-Ҳакам
Довар, Қозӣ, чӣ хеле хост, ҳукм мекунад
48
الْقَادِرُ
Ал-Қадир
Пурқудрат, ниҳоят қудратманд, сиғаи муболиғаи Қодир, бениҳоят тавоно
49
الْقَادِرُ
Ал-Қодир
Тавоно, ба ҳама кор қодир, боқудрат
50
الْمُقْتَدِرُ
Ал-Муқтадир
Қудратманд, тавоно, боқудрат
51
التَّوَابُ
Ат-Таввоб
Қабулкунандаи тавбаи бандаҳо
52
العَفُوُّ
Ал-Афувв
Бисёр афвкунанда
53
الْغَفُورُ
Ал-Ғафур
Бахшадандаи гуноҳҳои бузург
54
الْغَفَّارُ
Ал-Ғаффор
Бахшадандаи гуноҳҳои бузург
55
الْحَلِيمُ
Ал-Ҳалим
Мулоиммуомила, таҳаммулкунанда, хушхулқ
56
الْقَاهِرُ
Ал-Қоҳир
Ғолиб бар ҳамаи халқ
57
الْقَهَّارُ
Ал-Қаҳҳор
Ғолиб, сахтгир, хашмовар, ҳокими мутлақ
58
الْقَرِيبُ
Ал-Қариб
Наздик
59
الْمُجِيبُ
Ал-Муҷиб
Иҷобаткунандаи дуоҳои дуокунандагон
60
المُقيِت
Ал-Муқит
Қоим ба аъмоли бандаҳо ва ҳифзкунандаи он
61
الْمُهَيْمِنُ
Ал-Муҳаймин
Нозир, нигаҳбон, дар ҳама ҷо ҳозиру нозир ва ҳофизи ҳама,
62
الْمُحِيطُ
Ал-Муҳит
Иҳотакунанда, дарбаргиранда, фарогиранда
63
الْوَاسِعُ
Ал-Восеъ
Яъне беҳадду канор
64
اَلْعَلِيْمُ
Ал-Алӣ
Олимақом, олимартаба, баландмартаба, аз ҳама халқаш болост, чун зотан дар болои арш аст
65
الأَعْلَى
Ал-Аъло
Олитарин, болотарин, волотарин
66
الْمُتَعَالِي
Ал-Мутаъол
Олӣ, воло аст, вале бештар
67
الرَّؤُوفُ
Ар-Рауф
Бисёр меҳрубон, мушфиқ, камоли меҳрубонӣ ва дараҷаи баланди раҳмат, дорои меҳрубонии фаровон аст
68
النَّصِيرُ
Ан-Насир
Нусратдиҳанда, ёридиҳанда, ёвар
69
الْحَمِيدُ
Ал-Ҳамид
Таърифкардашуда, мадҳшуда, сутуда, ситоишшуда
70
الشَّاكِرُ
Аш-Шокир
Шукркунанда, сипосгузор, қадршинос
71
الشَّكُورُ
Аш-Шакур
Шакур сиғаи муболиғаи Шокир аст
72
الْحَفِيظُ
Ал-Ҳофиз
Муҳофизаткунанда, нигаҳбон, нигаҳдоранда
73
الْحَافِظُ
Ал-Ҳафиз
Амалҳои бандаҳоро муҳофизат мекунад ва мӯъминонро аз бадиҳо ҳифз мекунад
74
الْقُدُّوسُ
Ал-Қуддус
Пок, аз тамоми айбу нуқсон, аз тамоми сифатҳои пасту норасоӣ ва камбудӣ поку муназзаҳ аст
75
السُّبُّوحُ
Ас-Суббуҳ
Аз ҳар айб поку муназзаҳ аст
76
الْمُؤْمِنُ
Ал-Мӯъмин
Аз калимаи амн гирифта шуда, маънояш дар амон нигаҳдоранда, амнияту оромии халқ дар дасти Аллоҳ аст
77
الْوَدُودُ
Ал-Вадуд
Муҳаббати холис аст
78
الْوَالِي
Ал-Валӣ
Дӯст
79
الْمَوْلَى
Ал-Мавло
Молик, сарвар, соҳибу дӯст, қариб (яъне наздик) носиру дӯстдор меояд
80
الرَّقِيبُ
Ар-Рақиб
Назораткунанда, нигоҳдоранда, нигаҳбон, нигоҳубинкунанда
81
الشَّهِيدُ
Аш-Шаҳид
Гувоҳ, шоҳид, шоҳиди амалҳои бандагон, ягон амал, ягон сухан ҳатто суханҳои зери лаб аз Ӯ пинҳон нест, балки Аллоҳ ба тамоми ҳаракату сукуни халқ Шоҳид аст
82
الْوَكِيلُ
Ал-Вакил
Касе, ки ба ӯ таваккал карда мешавад
83
الْوَارِثُ
Ал-Ворис
Меросбар, пас аз мавти ҳама ягона Аллоҳи Ворис боқӣ мемонад, мероси тамоми осмонҳо ва заминҳо ва он чӣ байни онҳо ва он чӣ дар онҳост, ҳама аз они Аллоҳ аст
84
الْحسِيبُ
Ал-Ҳасиб
Ҳисобкунанда, аъмоли бандагонашро ҳисоб мекунад, кофӣ, басанда
85
الطَّيِّبُ
Ат-Таййиб
Аз тамоми айбу нуқсон пок аст
86
السَّيِّدُ
Ас-Сайид
Бузург, парвардигор, молик, шариф, фозил, карим
87
الْوِتْرُ
Ал-Витр
Тоқ, зидди ҷуфт, танҳо, якка, бе ҷуфт, бе монанд
88
السِّتِّيرُ
Ас-Ситтир
Пӯшандаи айбҳо, айбдоронро дар шоҳидии дигарон шарманда намекунад
89
الرَّفِيقُ
Ар-Рафиқ
Бо бандагон ба нармӣ ва мулоимӣ муомила мекунад
90
الْحَيِيُّ
Ал-Ҳайий
Бисёр боҳаё
91
الدَّيَّانُ
Ад-Дайён
Қаҳҳор, ҳоким ва ҷазодиҳанда
92
الْقَابِضُ
Ал-Қобиз
Паҳнкунанда, дасткушод, беҳисоб ризқдиҳанда, яъне паҳнкунандаи ризқ дар рӯи замин
93
الْبَاسِطُ
Ал-Босит
Паҳнкунанда, дасткушод, беҳисоб ризқдиҳанда, яъне паҳнкунандаи ризқ дар рӯи замин
94
الْمُقَدِّمُ
Ал-Муқаддим
Тақдимкунанда, пешкунанда
95
الْمُؤَخِّرُ
Ал-Муаххир
Тақдимкунанда, пешкунанда
96
الظَّاهِرُ
Аз-Зоҳир
Аз ҳама Олӣ, аз ҳама боло мебошад
97
الْبَاطِنُ
Ал-Ботин
Наздиктарин зот ба ҳама чиз, огоҳ аз ҳама сирру розу пӯшидаҳо, аз ҳама чизҳои дақиқу нозук бохабар меояд
98
الأوَّلُ
Ал-Аввал
Оғоз надошта аст
99
الآخِرُ
Ал-Ахир
Аллоҳ Ахир аст, пас аз ӯ чизе нест